Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
АГАР ВАЙ МАРД МЕБУД...
Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд. Ман саргузашти ононро ба тарзе ки мехостам, рангу бор ва равиши тоза додам, чунон ки вассаю болори иморати шикастаро барои бинои нав ба кор мебаранд. Ва ин бинои навбуньёд ба он иморати кӯҳнаи воқеӣ ба ҷуз вассаю болор шабоҳате дигар надорад. Муродам аз таъкид ин аст, ки агар касе худро аз ин қисса бишносад, маро домангир набошад.
Фермаи подаи колхоз ду киломатр дуртар аз деҳа, дар доманаи кӯҳ воқеъ афтода, аз ҳавлии калони гирдогирдаш оғил ва чанд иморати дигар иборат буд.
Аз паси девори молхона таллу теппаҳо оғоз мегирифтанду рафта - рафта қуллаҳои барфини кӯҳсорон гӯё ба осмон марасиданд. То ки аз селоби баҳорон эмин бошад, молхонаро дар мавзеи нисбатан баландтаре сохта буданд. Аз тарафи пеш онро рӯдаки шӯхобе ба тарзи нимдоира давр зада, ҷорӣ буд. Дар инчунин муҳит ва ин гуна пиромуни табиат молхона аз шибба ва бӯи нохуш пок набошад ҳам, макони нафасгир набуд, ҳатто баҳорон дар иҳотаи беду чинорҳо тарабангез ҷилва менамуд.
Ҳавлии фермаро бо девори сепохса иҳота гирифта буданд, дар таҳи дарвозаи калони дутабақаи он ҳамеша оби хлорнок ва дар пештоқи он шиору хитобаҳои муқаррарӣ, навтарин даъватҳое, ки рӯи матои сурх имло кардаанд, ба назар мерасид.
Дар масофаи сад қадам дуртар, дар рӯ ба рӯи дарвозаи ферма боз як иморат буд, ки дар он хонаи рӯ ба молхона вазифаи клуб ё маҷлисгоҳи молпарваронро адо мекард. Дар он хона ду мизи дароз ва чор-панҷ қатор курсӣ гузошта буданд, ки аз маҷлис то маҷлиси дигар чангу ғубор зер мекарду ба маҷаллаву рӯзномаҳои рӯи миз даст задан амри маҳол буд. Раҳбарон, вакилону меҳмонон, нотиқони шаҳрӣ дар ин манзил ба молпарварон ваъз мегуфтанд ё ба қавли худашон, сӯҳбат мекарданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё