Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Ин ҳама доду гирифт дар коғаз-дия... Хайр, ту ҳолӣ ин корҳоро намефаҳмӣ, додар, саратро дард накунон.
— Медонам, барои шумо гӯсфанд пашша барин гап аст... — ғурунг-ғурунг мекард Кабир. — Кай хоҳед, мекушед, маишат мекунеду касал буд, мурд гӯён акт месозед. Мо барин бечораҳо дар шаҳр барои як кило гӯшт саргардон мегардем... — мастона даст афшонда норозигӣ баён мекард ӯ.
— Додари ҷон... Мулло Кабир... — тамасхуромез хандида ба китфи ҷавон мезад Бадалбек. — Ту гапу кори моро намедонӣ, додар. Мол касалӣ кати мурад ҳам, баъзан мо руст мекунем. Ҳа, ҷӯра. Гӯш кун, ана, ба ту як воқиаро гӯям: аз ин ҳафт-ҳашт сол пеш як ҷавон сарбайтори вилоят таъин шуд. Ҳисоботи колхозу совхозҳоро менигарад, ки мол солим, касалаш аз солҳои пеш бештар не, як хел. Маълумоти додагии комбината гӯшт кати муқоиса мекунад, ки аксари мол касали сил дорад. Хусусан, моли ду колхоз... Валвала бардошта то комитети партиявии вилоят, комитети иҷроия баёнот менависад. Раис ба ҷонишин, ҷонишин ба мудири шӯъба, мудир ба поёнтар, хулласи калом, аризааш баргашта боз ба сари худаш меояду ба ӯ чора диданд, ҳа, аз кор гирифтандаш.
— Барои чӣ? — ҳайрон монд Кабир.
— Барои он ки фермае, ки касали сил дорад... корро вазнин мекунад. Манъу маҳдуди бисьёр дорад. Моли касалро аз молҳои дигар ҷудо кардан лозим. Барои ҷудо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё