Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

даромад, ба сари тарозу медаванд! Агар тарозудор ҳаққи ҳалол баркашида гирад, комбинат камомадашро аз куҷо пур мекунад?! Агар корхона панҷсад нафар коргар дорад, дар рӯз ду килогӣ — як тонна гӯштро дуздида, аз дарвоза мебароранд. Ҷои онро аз куҷо пур мекунанд? Аз ҳисоби колхозу совхозҳо. Аммо ман фиреб намехӯрам.
Ҳам молро лоғар накарда, дарҳол месупорам, ҳам аз комбинат ҷарима мерӯёнам, ҳам ҳаққу ҳалол баркашида мегиранд. Фаҳмидӣ? Пор аз ҳисоби ҷарима ҳаштоду ҳашт гӯсфанд супорид гӯён ҳуҷҷат пур карда ба колхоз бурдаму плони гӯшт иҷро шуд. Дидӣ, колхоз моли маро хӯрдаст? Дигарон говҳои чорсадкилогиро бурда, ба зӯр ба дусад-сесад кило месупоранд! Э, Кабирҷон, раҳбарони район ақл доранд, медонанд, ки аз ҳиммати мо баринҳо корашон пешрав аст. Ман ба ту гӯям, — Бадалбек ба сӯи Кабир хам гашту овозашро пасттар кард, — калон-калонаш ҳам, бе ман мушкилаш осон намешавад. Ана, ҳозир ҳам дар ин шаҳр беҳуда нагаштаам, баъзе фондҳоро дубора месанҷанд. Чӯбу тахта зарур аст. Инҳо як нӯги қалам катӣ як тарафро чӯл ҳам мекунанду кӯл ҳам. Аммо сад дареғо, ки халқ хизматҳои маро намедонад, Кабирҷон!.. Плони гӯшти колхоз андак не, додар, агар ҳамаи моли колхозро ба гӯшт супорем ҳам, буд намешавад.
— Ин тавр бошад, чи хел иҷро мекунед?
— Худро ба сад бало мезанем... Аз халқ мехарем.
— Ҳа-а, илоҷаш будаст-ку.
— Ин кори осон не, ҷон. Ту намедонӣ. Дар бозор гӯшти гов шаш сӯм. Кӣ молашро килои гӯшташ якуним сӯмӣ медиҳад?! Ана, ҳисоби ин хел чигилҳоро ман меёбам. Масалан, як роҳаш — нархи давлат катӣ аз сокинони районҳои дигар молашонро мехарему дар ивази зарарашон гандуми нағз ё биринҷро ба нархи еми мол ба онҳо мефурӯшем, сонӣ боз баргашта ба нархи гандуми нағзу биринҷи аъло аз онҳо харида мегирем.

пешина
аз 538
навбатӣ