Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Албатта, одами кӯрнамак дар ҳама ҷо ҳаст, аммо дар байни халқи мо камтар аст. Худо дӯстонро кам накунад, ба шарофати дӯст одам ба ҳар мақсад мерасидаст. Ҳамин тавр не? — Бадалбек чашмаш ба роҳу дасташ ба фармони мошин савол мекард, изҳори ақида дошт, ба ҳамсӯҳбаташ умедворӣ мебахшид, фикри худро талқин менамуд.
— Дуруст, дуруст, — зуд бо каллаҷунбонӣ сухани ӯро тасдиқ кард Кабир ва аввалбор дар нигоҳаш ифодаи самимият ва ҳурмат ба чашми ҳамроҳаш нигарист.
Ҳоло вай ба дил муомила ва гуфтугузори дигаре дошт: «...Бо ин одам шиносо гаштанам, аслан, фоли нек аст. Аз ин хел одамон фоида мерасаду зиён не. Мошини нав гиру лаънатӣ, ин мошини кӯҳнаро ба ман тӯҳфа кун, ана, сонӣ ман як умр дӯстӣ ту. Гапи хушк катӣ дӯстӣ мешавад?.. Занҷир метавонист пулу моли инро мӯй-мӯй кашида гирифта, луб-луч кунаду сонӣ ман туро намешиносам гӯяд. Ҳеҷ кор карда наметавонист, аз даъво кардан ин хелҳо метарсанд. Аммо Занҷир ба ин хел корҳо қобил не. Аз ин ҷиҳат Занҷир, баҳо надорад.
Барои ҳамин ҳама ба вай дилкашоланд. Духтари дигар як бор дашном дода, беобрӯй мекарду инро мегурезонд, аммо Занҷир шарм медорад, наметавонад. Ин барзагов ба кори худ ҳушьёр аст, дар шаҳр пушту паноҳи зӯр дорад. Бешубҳа. Яктаву дуто ҳам не. Танҳо будааст!
Ҳиъ... Ба худ дӯст мекофтаст! Ҳамдасту мададгор меҷӯяд. Аслан, агар чуқуртар биандешем, хурду бузург аз ҳирс, аз тамаъ холис нестем. Ҳатто муйсафедони диндор дар сӯҳбати худ мудом хирсу тамаъро манфур

пешина
аз 538
навбатӣ