Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Занҷир медониста бошаду барқасд худро ба нодонӣ зада бошад, чӣ мекунам? Аз некию накӯкорӣ сухан мегӯяду кӣ медонад, дар дили ин мардак чӣ сиру савдо аст? Бояд, ки эҳтиёт бошам»...
«Волга»-и сиёҳи Бадалбек дар сари роҳ буд. Ба хоку гили даруну беруни мошин, чирки курсиҳои он нигариста Кабир ноаён тамасхур кард.
— Кабирҷон, пештар мошини калонҳо сиёҳ буд, ман ҳам сиёҳашро гирифтам. Акнун ҳамаашон ба мошини сафед савор мешаванд, ман ҳам дигар кунам-чӣ?А? — Баъд вай ҷавоби пурсишашро нагирифта, якбора аз боби дигар савол кард: — Кабирҷон, падару модар ҳастанд?
— Шукр...
— Давлатманд будаед, додарам. Дар ҷавонӣ агар падару модарро қадр кунед, азиз доред, додар, дуои онҳо катӣ ба ҳар орзуятон мерасед, ба шумо на теғ мегузараду, на чашми баду кинаю тӯҳмат. Шумо — шохи дарахтед, волидайн — решаатон, то вақте ки онҳо ҳаётанд, решаи шумо дар об аст. Баъди сари онҳо обатонро ҳам пуф карда мехӯред, додар. Дӯстон саломат бошанд, албатта ба кас бепадару бемодариро маълум намекунанд. Росташро гӯям, ман як одати ғалатӣ дорам, Кабирҷон. Агар як дӯсти нав ёбам, гӯё ба заёмам даҳ ҳазор сӯм бурда бошам, хурсанд мешавам. Одама болу параш ёру дӯст аст, додар. Одами бедӯст мурғи бепар барин тӯъмаи гурба мешавад, поймоли ҳар касу нокас мегардад, Кабирҷон! Дӯст хоҳӣ калон аст, хоҳӣ хурд, хоҳӣ ҷавон аст, хоҳӣ пир, аз номаш гардам, ҷояш — болои дида аст. Дуои пирон бесабаб не — доим ба дӯст зору ба душман хор накун мегӯянд-ку. Умуман, Кабирҷон, аз номаш гардам, мардуми тоҷик ба қадри дӯст мерасад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё