Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Бо вуҷуди ин ҳама як назари зоҳирӣ кофӣ буд, то бидонед, ки ин сару либос махсуси ӯ нест: костюмаш ҳаргиз дарзмол надида, дар бари пиҷак ва почаҳои шимаш танга барин — танга барин доғҳои равған намоён, галстуки ба ранги костюмаш сирф номувофиқ ва гиребони лифофавор тобхӯрдаи куртааш шаҳодат медоданд, ки ӯ кисту чикора.
Вай ҳоло ба ҳар як касе, ки аз дарвоза берун мешуд, бо диққат менигарист, гӯё сухане пурсиданӣ бошад, ба сӯи баъзеҳо ду-се қадам пеш мерафт, вале бепарво ба роҳи худ шитоб кардани ин одамон ӯро аз шасташ бозмедошт. «Аз даруни ҳаминҳо якта-дута шиноси нағз ёфтан даркор аст, — мегуфт ӯ ба дил. — Бешинос бе ёру бародар кор буд намешавад. Одами беёру дӯст дар ҳама ҷо ғарибу мусофир барин будаст. Раиси матлуботи район Додарбеков мегуфт-а: «Бадалбек, ошно, ба ҳар шаҳру деҳа рафта яктагӣ қӯрғон соз». «Қӯрғон чӣ даркор, ошно?» гӯям, «Э, афандӣ қӯрғони одам иморат не, ёру ошно аст. Дар ҳар ҷое, ки ёру ошно дорӣ, худо накунад, агар ба сарат мушкиле афтад, қӯрғон барин туро аз балою офат нигоҳ медорад», гӯён таъкид мекард.
Гапаш — тилло. Ана, барои ҳамин одамони кордон ба гирди худ хешу табор, ҳамшаҳрӣ ғун мекунанду онҳоро дастгирӣ доранд, ҷави онҳоро гандум гӯён дод зада мегарданд. Дар рӯзи сахт яктааш не, яктааш кор медиҳад-дия. Хешу таборгирию маҳалпарастӣ кори хуб не, ин ба роҳи партия ва ҳукумат хилоф аст, гӯён гаштагиҳоро ҳам дидам. Гапи Додарбековро ба дилатон мӯҳру ба коратон сармашқ кунед, ки меарзад. Агар ҳозир дар миёни инҳо ягонта ошно медоштам, маро аз

пешина
аз 538
навбатӣ