Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Имрӯз усто маро таҳсин кард. Аммо ин таҳсин барои корам не, балки барои ҷадду суботкориам аст, ман медонам. То атласбофи моҳиру номдор нашавам, намемонам. Ман дар пахтазор ҳам, дар ферма ҳам пешкору пешқадам будам. Дар ферма ҳама барои корам маро таҳсин мекарданд, аммо баъзе духтарони бахил гумон доштанд, ки барои хушрӯиам таъриф мекунанд.
Раис ҳам мудом аз раҳашон истода, ҳолҷӯӣ карда мегузаштанд. Раиси колхозамон аслан одами бамаънӣ аст. Баъзеҳо ӯро латта мегуфтанд, аммо ин гапашон нодуруст. Ҳамту, одами баандеша, эҳтиёткор аст, бо неку бад муросо мекунад-дия. Дили ҳамаро ёфтан осон не. Аз ин пеш ягон раис дар мавсими пахтачинӣ ба тӯй иҷозат намедод. Ҳатто чанд сол аз ин пеш як ҷавон ба хизмати ҳарбӣ даъват шудасту то ки модараш танҳо набошад, тӯй карда, номзадашро ба хона оварда, сонӣ бо хотири ҷамъ ба хизмат рафтан хостаст, аммо раиси ҳамонвақта рухсат надодаст. Бача баъди шаш моҳ аз хизмат рухсат гирифта омада, тӯй кардаст. Одамон ҳаминро медонанду боз аз раис меноланд. Барои ҳама нағз будан мушкил аст. Парерсол айни авҷи пахтачинӣ Ҷамол тӯй мекунам гӯяд, рухсат дод. Аввал манъ карда бошад ҳам, сонӣ рухсат додаст. Арӯсу домодро ба мошини худаш савор карда, ба идораи ҷамоа оварда, аз қайд гузарондасту рост ба саҳро бурдаст. Дар сари хирман аз пахта ҷавонон ба сару гардани арӯс ҳамелу тоҷи сафед, ба сари домод гултоқӣ бастаанд. Сонӣ ҳар дуро ба чанголи мошини пахтаборкунӣ рост монда, баланд бардоштаанд, сураташонро гирифтаанд.
Нимирӯзӣ зиёфатро дар ҳамон ҷо хӯрдаанд. Шаб базмро

пешина
аз 538
навбатӣ