Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Вале сухани гуфтагии ошиқи илмнок, сафеду сиёҳро фарқ мекардагиро шунавед! Э, тавба, чӣ мешавад, ки як раҳ, одам барин, ба худ бино монданашро маълум накарда, аз дигарон афзалияташро таъкид насохта, сухан кунад?!
Девонаи Даҳандарида кадом рӯз мазоҳаш мекард, ки беилм-пилм бошад ҳам, аз Кабир барин илмнок ду баробар зиёд маош мегирад... Талабгор аз талабгор фарқ доштаст!, Ё бачаи гӯл аст ин Кабир ва ё соддафиреб. Сарам ба дард омад. Ба худо, ки духтарони қишлоқ аз ин хусус фароғат доштаанд: парвое надоранд, падару модар касеро лоиқ донанд, ба ҳамон мерасанду мераванд, дӯсташ медоранд. Ба ростӣ, кас лаҳзае фолбин будан мехоҳад, то бубинад, ки Кабир баъди хонадорӣ дар оила чӣ сирату сурате дорад. Бибиам мегуфтанд, ки дилатро покиза дор, аз дурӯғу дағал паноҳ кун, дилат оина барин равшан мешаваду ҳама сири дуньёро ба ту мегӯяд.
— Гумонатон ман шуморо фиреб мекунам?.. Не-е, мо аз он хел одамон не. — Кабир дудилагии ӯро пай бурда эътимод бахшидан мехост. — Дар тӯби мо занмондаю шӯмондаҳо нестанд. Мо ору номус гӯён ҷон медиҳем.
Бобоям номус гӯён баъди вафоти бародараш зани бевамондаи ӯро ба бегона надода, ба никоҳи худаш даровардагӣ. Имрӯз ҳам марди бесабаб занмондаро дар маҳаллаи мо хуш намекунанд.
— Фиреб мекунед нагуфтаам, — гуфт Занҷир чӣ ҷавоб доданашро надониста. — Агар феълу атвори

пешина
аз 538
навбатӣ