Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

кафолати эҳсос кам аст. Ман ба хато, ба таваккал умедамро намесупорам... Барои чӣ то ҳол ӯро дӯст медорам ё не, равшан намедонам? Аз дӯстдорӣ одам таб накунад, атса назанад, ягон аломати дигар надошта бошад, чӣ тавр гӯям, ки дӯсташ медорам. Мегӯянд, ки одам аз ишқ девона мешавад... Агар дар миён андешаи фоидаю зиён, ягон ғарази ба ҳамин монанд набошаду ҳеҷ каси дигар ҷои маҳбубро иваз кардан натавонад, он гоҳ ишқ аст.
— Занҷир, нияти ман ҷиддӣ аст.
Кабир овозашро баландтар карду Занҷир аз олами андешаҳои худ ҷудо шуд, вале суханони такрор ва якнавохти ӯ ба дили духтар таъсири амиқ надоштанд, бинобар он, бедиққат гӯш мекард.
— Шумо ҳам бо камоли ҷиддият сухан кунед.
Талабгоратон кам не, медонам, лекин талабгор аз талабгор фарқ дорад.
— Бори дигар ҷиддан андешида мегӯям: ин кори бозӣ не, рафиқ иқтисодчӣ! Ҳа, инро савдои умр мегӯянд,
— гуфт Занҷир ба таъкид поҳошро ба замин тап-тап кӯфта. — Шумо худ гуфта будед, ки маънии дигари иқтисод сарфакорӣ аст, эҳсосро ҳам ба сарфа харҷ кунед, сарфакор! Беҳисоб ба ҳар тараф рехтан гиред агар, мабодо, ки камомад шавад.
Занҷир дар ин ҳангом, ки забонаш ин суханонро мегуфт, ба дил гуфтугӯи дигаре дошт: «Очаам ба фалон табиб баред гӯён исрор кунанд, бибиам гуфта буданд:
«Бубар, ки мега, бубараш, гувоҳии дил аз далели ҳазор ақл пештар аст». Инак,ҳоло ақлам мегӯяд, ки домани ин ҷавонро аз даст нагузор, ин барин хоҳони ҷазбманду фарзанди хонаводаи осударо ёфтанат кори муҳол аст, аммо дилам мегӯяд, ки сабр кун, дӯстдорӣ ин тавр нест, муҳаббат бешубҳаву гумон, бедудилагӣ мешавад...

пешина
аз 538
навбатӣ