Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
- Дилҷӯӣ
Кабир хеле муддат ба Занҷир димоғ тоб дода гашт, ҳангоми рӯ ба рӯ шудан сар ҷунбонда, нӯги забонӣ, ночор салом мегуфту бас. Аммо ин вазъи вай дер гоҳ тӯл накашид. Боз тадриҷан забони ҳолҷӯиаш гӯё шуд, табассуми шавқмандӣ дар чеҳрааш гул кард ва боре ба хобгоҳ омаду боз аз муҳаббати худ сухан сар карда, ранҷу азобашро гуфт ва сипас дар тавсифи кору эътибори Занҷир дар корхона сухан гуфта, ақидаи баъзе аз ҳамкоронро аз ин хусус нақл кард. Сонӣ аз қадррасию вафодориаш ба ӯ ваъдаҳо дод, савгандҳо хӯрд, ки агар ӯро фиреб кунад, кӯр мешавад, песу махав мегардад.
Занҷир суханони ӯро гӯш мекарду дар дил бо худ гуфтугузори дигаре дошт: «Агар Кабир шиносо нагашта, ҳамгап нашуда хостгорӣ мекард, аз толеам шукркунон ба вай мерасидам. Хуб, акнун чаро ноз мекунам?.. Ҳайронам. Ҳатто дар нисбати ин ба ман Бадалбек маъқултар барин: мард барин салоботе дорад.
Ин дар назар кӯдак барин аст. Наход ки сабаби ин ҳол шиносоӣ, донистани дили ӯ бошад?.. Бадалбекро ҳам мешиносам-ку чаро ӯро ин барин нописанд кардан наметавонам. Ҳатто Иринаю Салима ҳам ҳоло дар ҳақи вай сухан ояд, ҳурматомез гап мезананд, фақат, синнаш андаке калон мегӯянд... Ба фикрам, Бадалбек инҳоро ба ресторан бурда, зиёфат кардагӣ ва аҷаб не, ҳамон гулдонҳои булуринро вай ба умеди дилҷӯӣ харида тӯҳфа карда бошад... Ҳайронам, чи кор кунам, аз кӣ маслиҳат пурсам? Падару модар қудрати пуштибонии маро надоранд, бародари тавоное надорам, то ҳар замон «ҳолат чист» гӯён аз дарам дарояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё