Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Намедонам, агар ман ба вай мутеъ бошам, шох мебароварда бошад? Аз хусуси ҳурмати якдигар чӣ қадар китоби бисьёре! Қариб ними китобхонаро хондам.
Кабир ҳеҷ китоб намехонад, вагарна меандешид, ки ман ҳам инсонам, худро аз вай кам намедонам, ба худ мувофиқ иззати нафс дорам, ба вай зор нестам.
Намедонам, ин ҳол аз нодонӣ бошад ё дар табиаташ ин хислат ҳаст. Агар дар табиаташ бошад...
— Сабр мекунем, Кабир ако, — гуфт оқибат Занҷир ба нармӣ табассум карда.— Дар ин роҳ хатои духтар аз ҳар чӣ сахттар аст. Хотирҷамъ бошед, ман алҳол талабгори дигаре надорам. Аммо бемуҳаббат аз дари ҳеҷ кас намедароям. Даромадан наметавонам.
— Ман дар кӯчаҳо даст ба даст гашта, ишқбозӣ катӣ зан намегирам.
— Ман ҳам... Ҳеҷ кас катӣ даст ба даст дар кӯча гаштанӣ нестам, — фавран ҷавоб дод Занҷир. Аммо заҳри сухани Кабир бо ин гуфтаҳо аз дилаш берун нашуд. «Ё ҷавобашро диҳаму дигар умедворӣ набахшам?» — барқ барин аз хаёли духтар гузашт.
— Хуб, чанд муддат сабр мекунем? То кай? — Аз ӯ рам хӯрдани духтарро пай барад ҳам, Кабир умедашро буридан намехост.
Оҳанги қаҳролуда ва асабонияти вай ба дили Занҷир тир барин сахт мерасид, аммо наадешида сухане гуфтан намехост. Ба худ меандешид, ки агар ин ҷавон шавҳараш бошад, бо ӯ чӣ муомила карданаш маълум: хоҳиши ман барои ту қонун аст мегӯяд, майли маро заррае инобат намекунад. Албатта, одами беайб нест. Эҳ, агар ман мард мебудам... Аз ишорае дили духтарро мефаҳмидам, бо ҳар як кору суханам ӯро хушбахт мекардам.

пешина
аз 538
навбатӣ