Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ин бача хабар надорад, ки ҳамин «то кай?» гуфтанаш чӣ хел ба дили ман оби сард мерезад...»
— Намедонам, — Занҷир оқибат шонаҳояшро боло бардошту дар нигоҳаш ифодаи бепарвои дилгирона ба чашми Кабир нигарист. — Намедонам, кай шуморо дӯст доштан метавонам. Садо аз ду даст. — Сонӣ ба суханаш оҳанги шӯхию ҳазл бахшида гуфт: — Ба нақша гирифтан даркор. Ҳар ду ӯҳдадор мешавем, ки то охири сол ба дили якдигарӣ аз порсола бештар тухми муҳаббат кошта ҳосили...
— Сонӣ... Ман равам, бо дугонаҳоятон масхарабозӣ мекунед, — гуфт Кабир суханашро аз зиҳи дандон бароварда, бо табассуми талх.
— Ман агар шуморо дӯст дорам, зуд сари роҳатонро мегираму мегӯям, агар дӯст надорам, аз ман наранҷед, паноҳи худо! Ҳа, агар дилатон ба ягон духтар об хӯрад, бемалол... — гуфт Занҷир ба чашмони Кабир рост нигариста тез-тез.
Ҷавон ранҷидахотир нигоҳашро поён гирифт.

  1. «Афсун»-и миёнҷӣ

Пирони деҳа қиссаву ривояти бисьёрро ёд доранд,
онҳо он ёдгорро афсона не, саргузашт мегӯянд ва
аминанд, ки ҳар яке аз он воқеа ба кадоме аз бобоён дар
зиндагӣ рух додаст. Аммо ҷавонон, ки тоифаи
ҳозирбинанд, ин ривоятҳоро асари хаёлоти рангин ва
маҳорати афсонапардозон мепиндоранд. Онҳо аз
таърихи ин қиссаҳо ва ин сарзамин бехабаранд, ҳол он

пешина
аз 538
навбатӣ