Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Аз борон гурехта ба новадон афтодан кори саҳл аст. Аҷабо, Кабир ба ихтисосмандиашу вазифааш ин қадар ғарра бошад ё ба ҳуснаш? Хабар надорад, ки ба ман на инаш лозиму на онаш. Ба қавли очаам, шаробхӯр набошад, кор карда як лаб нонашро хӯрад бас, одами хуб аст.
Бибиам мегуфтанд, ки ба ҷавони шаробхӯр нохуни духтарро нишон надиҳед, ҳатто агар додошу бобош ба ҳамин кӯй афтода бошад, ба он авлод духтар надиҳед.
Асад шаробхӯр буд, ҳашт фарзанд ёфт, сиҳат барин метобанду лекин... Якеаш — карахт, дигараш — бадфеъл... Яке аз набераҳояш ҳам беҳуштар баромад...
Эҳ, агар як сол пеш «шаҳр» гӯянд, диламро ваҳм мегирифт, гумонам дар ин ҷо ҳама одамони донишманду моҳир, зираку фаросатманд кору зиндагӣ мекунанд. Аз ҳаёт ва кору бори бофандагони шаҳр ягон китобе ба тоҷикӣ дастрасам набуд, то ки хонаму бидонам. Ана, дар ин ҷо ба ҷавонону духтарон чӣ тавр мӯҳтоҷ будаанд. Дар деҳа чӣ қадар одамон салангсаланг бекор мегарданд. Дар шаҳр хона гирифтан мушкил аст, барои ҳамин намеоянд. Агар бачаҳоро аз мактаби деҳа ҳар сол ба корхонаҳои шаҳр ба тамошо биёранд, гапу кор чӣ, фаҳмонанд, соз мешуд. Хуб ҳозир ба Кабир аз ин зиёд чӣ гӯям, намедонам. Умедворӣ бахшам ё умедашро канам, ҳайронам. Сонӣ пушаймон намешавам? Агар дар ҷои ман духтари дигаре буд, балки кайҳо ба хонаи вай даромада мегирифт. Салима ҳамин тавр мегӯяд. Не, ман сабр мекунам. Сабр, сабр.
Ин бача зӯр зада азми худашро ба ман гузаронданӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё