Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан
  1. Дилмонӣ

Кабир ҳамон рӯз дар деҳа Бадалбекро пайдо накард.
Дарвозаашро кӯфт, гуфтанд, ки ба район рафта буд. Ӯ худро вакили корхонаи атласбофӣ муаррифӣ карда, шикояти духтаракро санҷида, ба идораҳои боло руҷӯъ карданашро ба вай гӯшзад намудан мехост. «Аввал як бор» афту башараашро бинам, одами тараф афтодан меарзидагӣ аст, ё беҳуда барои куштани мӯрча табар тез карда гаштаам? Шиносо шавам, сонӣ аз гап гап мебарояду равиши кор равшан мешавад», — мегуфт ӯ ба худ.
Дарвоқеъ, алҳол ҳамаи нақшаҳои вай аз хусуси Бадалбек монанди ҳубоби рӯи об бебақо ва ҳавоӣ буданд, ҳар якеро агар андаке бо тааммул ва тааммуқ меандешид, аз соддалавҳӣ ва муҳоландешии худ таҷанг мешуд. Хусусан, баъди он, ки як нафар марди босалобат

даррайон аз ваҷҳи Бадалбек ҳурматомез ва баръакс ба шахси Кабир сирф беэътино ва нописандона сухан гуфт, азмаш бештар суст шуд.
Баъди ба шаҳр баргаштан Кабир ин ғарази худро ба шахси Бадалбек батамом беасос шумурд ва нишони гӯлию гумроҳиҳои ҷавонӣ ҳисобид. Ба тадриҷ вай ба дурустии ин амри худ далелҳои зиёд пайдо кард. «Хуб шуд, ки дар деҳа набудаст, — мегуфт вай ба худ. — Дар сари мастӣ дасти духтарро доштаст! Ҳамин ҳам гап шуд?! Албатта, барои қишлоқиёни содда гап аст.
Мақсадам ҳақиқати гапҳои Занҷирро санҷидан буд...
Ҳавлии падараш хароб аст. Одам шарм мекунад.
Вайрона барин ду-се боми пастак. Ана, ҳавлию боғи

пешина
аз 538
навбатӣ