Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

бадном накун. Даҳони ин одамон бастагӣ. Хоҳу нохоҳ, ту аз они манӣ, дониста мон. Аз дасти ман туро ҳеҷ кас гирифта наметавонад. Агар ба гапам дароӣ, як умр хушбахт мешавӣ, бефаҳм...» Ғалатӣ, ин мардак аз ростӣ ошиқ бошад? Чӣ гуна ӯро хушбахт карданӣ аст, маълум.
Лекин Занҷир барин духтар фақат пулу мол қатӣ хушбахт намешавад, инро мардаки ҳафтафаҳм намедонад. Албатта, барои хушбахтӣ сарват зарур аст.
Лекин сарват як рӯз не як рӯз адо мешавад. Вазифаи баланд беҳтар аст: одам як умр таъмин, беҳтарин мошин, манзил, табобат, фароғат, хӯрок, пӯшок - ҳамааш...» Ӯ дар сари ин андеша чунон ба хаёл рафт, ончунон ғарқи ҳавас гашт, ки хеле муддат худ ба худ ширин табассум менамуд.
Кабир дар рӯзгор агарчи бо роҳи падар рафтан намехост, аммо худ бехабар баъзан ҳирси дарунаш ӯро ҷилавгир буд. Вай худро зиёӣ медонист, вале виҷдону инсофаш боре дар рӯ ба рӯи разолату хабисиҳо фарьёде намебаровард, ба ноҳақию нотандиҳӣ гоҳе бепарво нигариста мегузашт. Монанди як тоифа ҳамсолонаш гумон мекард, ки бо сару либос, суханронии омирона, рӯҳбаландии доимӣ, мартабаю вазифа, канораҷӯӣ аз одамони оддӣ ва рӯзномахонӣ кас зиёӣ аст. Муаллимони бисьёре ба ӯ таълим доданд, аммо на устод, на китоб ҳеҷ яке дили ӯро ба туғьён наандохт, зеҳну андешаи ӯро идеалҳои баланд изтироб наангехта буданд.

пешина
аз 538
навбатӣ