Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Бадалбек — диданӣ! Дар шаҳр ҳам ҳар кас ин хел иморати бошукӯҳ надоштагист. Агар ҳавлии Занҷир ҳам ҳамин суроб мебуд, дар тӯй хешу табори рафтагӣ хурсанд мегаштанд, назарашон мегирифт. Аслан, ман мехостам, ба ягон одами дуруст домод шаваму иззат бинам, ҳимоят ва пушту паноҳ ёбам. Духтари мувофиқ дучор нашуд, ки дучор нашуд. Дар донишгоҳ як дуньё духтар буд, аксаран духтарони одамони дуруст, аммо дилхоҳам ба даст нафуромад. Муомилаи Заррина ман катӣ соз буд, аммо духтарак безеб — биниаш картошка барин, як чашмаш каҷ, қоматаш уштур барин... Сонӣ аз афти кор, падарашро гирифтанд. Бе муҳаббат зиндагӣ кардан азоб аст гуфтаму зиёда зӯр назадам. Падарашро гуфта, як умр нози духтари барзангии ӯро кашидан ҳам кори осон не. Боз як духтари дигар буд, — Оиша, аз ман ду сол қафо таҳсил мекард, аммо ин танноз сабукпой баромад. Кӣ дидаю дониста ӯро зан мекунад?! Духтари ана, вай олим ҳам аз ҳамин қабил ҳирҳиракҳои машҳур буд. Духтарони нағз ҳам буданд, аммо ҳамаашон даҳанбаста, одамдор, ё аз хешу табори худ умедвор.
Аслан, бояд тан гирам: он солҳо гӯлу гумроҳ будаам, бепарво гаштам. Агар ҳозира ақлу идрокам мебуд! Эҳҳе... Афсӯс, падару модар аз хурдӣ кордон шав, зирак шав гӯён ақли моро ба зиндагӣ намекушоянду пулу мол, фоидаю зарар гӯён, варсоқиҳои беҳуда катӣ андармон мекунанд. Акнун дер шуд. Дар ин фабрика аз он духтарони ман мехостагӣ нест, ба ин ҷо намеоянд ҳам.
Бояд ба қисмат тан дода, Занҷирро ба занӣ гираму оҳиста ҳисоби пешравиро ёбам... Шукр, пеш меравам, осиёб ба навбат-дия. Як бало карда узви фирқа мегаштам, сонӣ корам пеш мерафт...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё