Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Он лаҳза, ки тифли мо ба мо механдид,
Аз сурати ту ба ман сафо механдид,
Ҳар ғунчаи гул ҷудо-ҷудо механдид,
Он лаҳза ба сӯйи мо Худо механдид.

Ин барг кафи саломи моро монад,
Ин накҳати гул паёми моро монад,
Мо низ дамида рехтем аз дили кӯҳ,
Ин рӯди равон давоми моро монад.

Зан беш зи мард аст, шумо медонед?
Дилреш зи мард аст шумо медонед?
Дар сабқати бахшидани ҷону тани худ
Зан пеш зи мард аст, шумо медонед?

Ҳастии ману ту нозиши нестӣ аст,
Ҳастии ману ту созиши нестӣ аст.
То нестӣ ҳам зуҳури худро ёбад,
Ин ҳастии мо навозиши нестӣ аст.

Дар боғ раву ҷароҳати боғ бубин,
Сад доғи ниҳону тоқати боғ бубин,
Ту бар сари ӯ табар ба даст ойиву ӯ
Себат бидиҳад, саховати боғ бубин!

Эй ҷони гирифтор, ту андар қафасӣ!
Зеро ки ҳамеша пойбанди ҳавасӣ!
Берун бираҳ аз панҷараҳои сутхон,
Озод шав, озод, ки бар худ бирасӣ!

Дар боз шуду касе наомад омад!?
Дар боз шуду касе дар омад омад!?
Дар буда набуду буду аз нобуда,
Сад будаи нобуда баромад омад.

пешина
аз 218
навбатӣ