Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Мардона зи ҷодаҳо равон аст Айнӣ.

Як умр ба доғу дарди дар сина ниҳон
Саршор зи лутфу хушзабон аст Айнӣ.

Дарё ба дил андозаду берун орад,
Шодоби сафо дар умқи ҷон аст Айнӣ.

Дар сина алангаҳои оташ дорад,
Аз меҳр диёри озарон аст Айнӣ.

Кӯҳаш ҳама махзани тилову ганҷ аст,
Мардаш дили тилло ба равон аст Айнӣ.

Симурғи фалак лона дар ин ҷо дорад,
Бо Шамсу Қамар ҳамошён аст Айнӣ.

ТОҶИК – ӮЗБЕК

Ду саҳфаи як китоб тоҷик – ӯзбек!
Парвардаи як савоб тоҷик – ӯзбек!
Он кист ду ҷисме, ки ба як ҷон пайваст?
Гӯям ба ту ман ҷавоб: тоҷик – ӯзбек!
Озори замонаҳо паси сар карданд,
Озурдаи сад азоб тоҷик – ӯзбек!
Печида ба ҳам чун гули ишқи печон,
Дар зери як офтоб тоҷик – ӯзбек!
Ҳаммодару ҳампадар, бародар, хоҳар,
Сад пурсишу як хитоб тоҷик – ӯзбек!
Ду мева ба як дарахт оё дидӣ?
Гар не, бираву биёб: тоҷик – ӯзбек!
Ҳастанд сиришта ҳарду аз як гилу об,
Гирӣ чу зи рӯ ниқоб, тоҷик – ӯзбек!
Як тан нашавад ду пора! Дод! Ар бишавад!
Он ҷисм шавад хароб! Тоҷик – ӯзбек!
Як дил, ки ду қисмат бишавад, хоҳад мурд,
Як пайкару як суроб тоҷик – ӯзбек!
14. 10. 2016

пешина
аз 218
навбатӣ