Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ноогаҳ аз он қисмати пешонӣ равон аст,
Уллоси басе гург шунидан рама дорад.

Аммо наҳаросед зи гургону шағолон,
Аз нойи шубон шавқи ҷаҳидан рама дорад.

Чӯпон, ки худаш нест кам аз гург, натарсед,
Аз панҷаи сад гург раҳидан рама дорад.

Чӯпон ба асочӯб чу бидҳад адаби гург,
Пеши қадамаш, бин, ки хазидан рама дорад.

Чӯпон ба миёни рама аз шавқ бирақсад,
Дар пешу бараш низ ҷаҳидан рама дорад

Беҳуда махур ғам, рама хоҳад рама будан,
Шукрона куну бин, ки чаридан рама дорад.

ЧУН ДАРОМАД

Ин хоку чанги берун бар хона чун даромад?!
Дар хонаи дили ман бегона чун даромад?!

Номард агар набошем, эй дӯст, душмани мо
Бар хонаи ману ту мардона чун даромад?!

Ин боди сеҳру афсун моро ба коми худ бурд,
Бар ин ҳақиқати мо афсона чун даромад?!

Он шаҳсавори Шабдиз, он Рахштози мозӣ
Полон ба дӯши худ аз полона чун баромад?!

Аз ин садаф, ки холист, аз ин вуҷуди ночиз
Гавҳар куҷо фурӯ рехт, дурдона чун баромад?!

Аз шонаҳои меҳан кай шаъни мо фурӯ рехт,
Ин бори номуродӣ бар шона чун баромад?!

Он девкуш, ки таърих мекард мадҳи ӯро,
Аз ин набарди бо худ девона чун баромад?!

пешина
аз 218
навбатӣ