Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Косаи давр агар гардон нест,
Косаи дасти гадоро чӣ кунам?!

Душман он аст, ки душман бошад,
Душмани дӯстнаморо чӣ кунам?!

Ҳар қадар пур бикунам, боз тиҳист,
Коми носери Шуморо чӣ кунам?!

Решаи рушди рибо рншаи кист?
Решаи рушди риборо чӣ кунам?!

Ҳама ҷо ҷилва кунад ранг ба ранг,
Рӯи садранги риёро чӣ кунам?!

Боҳамонем, ба ҳам бегона,
Васли аз асл ҷудоро чӣ кунам?!

Баски дар сурати мо сират нест,
Ин ҳама суру садоро чӣ кунам?!
12.03.2012.

РАМА
Нақизаи ҳазлона ба шеъри устод Турсунзода

«Чӯпон ба сари сангу чаридан рама дорад,
1 Аз санг ба харсанг паридан рама дорад».

Як сӯ ҳама гургону палангон паси пушта,
Дидан ҳама доранд, надидан рама дорад.

Дар пеши рама як бузаку аз паси ин буз
Ҳар сӯ, ки кашад низ давидан рама дорад.

Тарсам, ки буз охир бубарад ҷониби варта,
Ҷар омада аз пешу расидан рама дорад.

Аз селу фалокат хабаре нест варо ҳеҷ,
Аз пешу паси пушта хамидан рама дорад.

Байт аз Мирзо Турсунзода.

пешина
аз 218
навбатӣ