ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа
Зарпечаки забунӣ сад киштаро фурӯ бурд,
Дар ин замини зархез ин дона чун баромад?!
06.02.2012.
БИДИДАМ, МУРҒАКЕ
Бидидам, мурғаке, к-андар қафас буд,
Шикастабол, бишкастанафас буд.
Касе, ки дом бинҳодаш, чӣ дил дошт?
Касе, ки кард дар бандаш чӣ кас буд?
Ҳар он қадре, ки сар мезад, чӣ ҳосил,
Ҳар он қадре, ки пар мезад, абас буд.
Маро аз ҳоли зори рӯзгорам
Ишорат аз Худо ин қадр бас буд
Барои мурғак ин зиндони даҳшат,
Барои одам ин танҳо ҳавас буд.
Гаҳе нолон, гаҳе хомӯшу музтар,
Ҳама додаш ба ёди Додрас буд.
Варо з-ин боғи хуррам як биёбон,
Вале озод будан, беш бас буд.
Бидидам, мурғаке андар қафас буд,
Маро мурғак, ту гӯи дар нафас буд.
Май, 2016
ДАР ЗИМИСТОН
Дар зимистон чӣ баҳорест гулафшону шигарф!
Гулнисоранд дарахтон ҳама ҷо аз гули барф.
Навдаҳо мисраи розанду паёми эзид,
Ба алифбои муҳаббат, ту бихон ҳарф ба ҳарф.
Боғи гулҳои сафед асту таманнои сафед,
Шаҳри мо шаҳри сафедист ҳама тарф ба тарф.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё