ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа
Хештанро бори дигар сохтам,
Ман зи обу хоки розу дарди худ,
Қомате аз нанги худ афрохтам
Бар алайҳи қисмати номарди худ.
Рӯ ба рӯи зиндагӣ истодаам,
Як ба як дар ҷабҳаи имони хеш,
Нолаҳоро дошта дар пушти лаб,
Дардҳоро дошта дар ҷони хеш.
Ишқи худро дар дарахти зиндагӣ Сӯи раҳ мисли чароғ овехтам, То нахушкад рӯдбори зиндагӣ Об гаштам, об гаштам,рехтам.
01.08.2015 ҒИЗОЛИ ҒАЗАЛ
Ғазалиёт
ҲАР САҲАР
Ваъдаи дидор бо хуршед дорам ҳар саҳар,
Ман ҳанӯз аз зиндагӣ уммедворам ҳар саҳар.
Чун надорам эътимоди олами дору мадор,
Бар кафи додор худро месупорам ҳар саҳар.
Мешавам ғарқи муҳаббат аз нигоҳи тифлаке,
Аз тулӯи чеҳраи ӯ нурборам ҳар саҳар.
Ҳамсадои мурғаконам, ҳамнавои обшор,
Пираҳан аз субҳ дорам дар канорам ҳар саҳар.
Ман сафедӣ ҷустаам як умр, шуд мӯям сафед,
Субҳро чун шири модар дӯст дорам ҳар саҳар.
Ишқро чун офтобе дар дилам мепарварам,
Нурафшон аз нигоҳам мебарорам ҳар саҳар.
То бисабзад дар замини ишқ нахли эътимод,
Донаи андеша бар хокаш бикорам ҳар саҳар..
То сафо бахшам, сафо ёбам ба роҳи ростӣ,
Бо сафедорони раҳ дар як қаторам ҳар саҳар.
Мисли шамшодам, барои шодмонии башар
Осмонро бо фараҳ бар дӯш дорам ҳар саҳар.
Шасти бовар дар кафам дар соҳили дарёи рӯз
То зи умқаш моҳии дилро бидорам ҳар саҳар.
То тулӯъи шамси рӯи ту маро равшан кунад,
Интизорам, интизорам, интизорам ҳар саҳар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё