Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Мо ҳама помоли ӯем.
Лоилоҷу ломаҳолу лоли ӯем...
Нобаҳангоме ба сад маҳмез меояд,
Мисли растохез меояд…

Эй Худо! Оё адолат дар куҷост?!
Аз канори кӯҳсори мо,
Чашмасору обшору рӯдбор
Покбориш мебаранду мебиёяд
Дар ҷавобаш хокбориш…

Метарошам ҳар саҳар ман риши худро
То намонад зарраи гарде
Дар намои ин нигориш.
Бар биёбони худат рав,
Ин гулистони маро мон,
Хокбориш!!!

Мекунам шукри Худо аз обшори кишвари худ,
Аз зулоли рӯдҳои дар шитобаш,
Медиҳам таскин худамро бо мақоли халқ:
Харчи гарде оварад ҳар боди берӯ,
Мебарад обаш..!
9.08.2011

РӮ БА РӮ БО ЗИНДАГӢ

Ҳеҷ кас чун ман ғамашро сӯхта,
Зиндагии хешро рӯшан накард,
Талхро ширин ба ком андохта,
Ашки худро шабнами гулшан накард.

Ман ғамамаро дар вуҷудам сӯхтам,
Гулхане дар ҷони худ афрӯхтам,
Гарму рӯшан карда сарду тори худ,
Дарди худро зистан омӯхтам.

пешина
аз 218
навбатӣ