ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа
Меҳмонро бо табассум гар пазирӣ, меҳмон Бо табассум медарояд аз дарат, Бо табассум зиндагӣ осудаву зебост, ҳатто марг!
Маргро оғӯш кун чу дилбарат...
МЕРОС
Ин хонае, ки монда ба ман аз абои ман,
Мероси рафтагони ман аз асрҳои аср.
Инак, футур рафтаву резад зи чор самт,
Вайронаест монда маро аз намои қаср.
Қасре, ки бодҳои замонаш шикофтанд,
Қасре, ки тиру тӯпи адӯяш бирехтанд.
Сад бор ман варо зи нав андохтам, вале
Боз омаданду хоки варо боз бехтанд.
Дигар нашуд, нашуд,
Шигифту алам, нашуд.
Сад бор хишт мондаму лояш задам, нашуд,
Тармим кардамаш ба ҳазорон рақам, нашуд.
Он зербуни кӯҳна дигар пойдор нест,
Афсурда хоки кӯҳна дигар рӯйи кор нест.
Дигар чи ҳоҷат аст, ки пӯсидааст он,
З-он қасри пуршукӯҳ дигар нест як нишон.
Эй қасри уфтода, туро оварам суҷуд!
Аз ифтихори рехта бар хокҳо чӣ суд:
Инак, дуруди ман ба ту, бунёди қасри нав!
Инак даруни синаи ман ҷӯш мезанад
Милоди қасри нав.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё