ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа
АРЗИШ
Чашм, вақте ки намехоҳад бубинад,
Гӯш, вақте ки намехоҳад шунидан,
Ҷисм безор аст аз будан,
Войи ин соат, дареғи зиндагӣ!
Зиндагӣ он қадр арзиш дораду қимат,
Талхҳояшро бубояд низ ширин хӯрд,
Захмҳяшро бубояд низ рангин дид,
Дардҳояшро бубояд низ роҳат ёфт,
Аз ҳар озораш бубояд нақди ҳикмат ёфт.
Дар ҷавонӣ ёри ман буд зиндагӣ,
Дилбару ғамхори ман буд зиндагӣ,
То ба охир то нафасҳои пасин
Зиндагиро ёр хоҳам буд,
Дар вафо подор хоҳам буд.
Лаззати ҳар дардро эҳсос бояд кард,
Бар худу бар зиндагӣ ихлос бояд кард.
Лаҳзаи беҷо надорад зиндагӣ, Бе ғаму бе дарди худ маъно надорад зиндагӣ.
Дӯст бояд дошт ҳар дамро, к-аз они туст,
Чакраҳои хуну ҷони туст...
Маргро ҳатто бубояд дӯст дошт,
Марги худро.
Марг пайғоми Худост!
Бояд ӯро чун нигор оғӯш кард,
Бояд онро чун баҳор оғӯш кард,
Чун баҳори рӯзгори дигаре...
Бояд онро ҳамчу ҷоми лоязолӣ нӯш кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё