Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ин ҳамон дар нест?
Ин ҳамон хона, ҳамон даргоҳи модар нест?

Ин чӣ роҳе буд, бар ҷойе набурд?
Ин чӣ самте буд, бар ҷойи нахуст овард?!

Эй Худо, оё тамоми умр
Ман давидам дар ҳамин як ҷо ситода,
Аз сару аз по фитода?..

Зиндагӣ!
Акнун биё,
вақти ҳисобат омада!
Соати бардоштан аз рӯ ниқобат омада!

Зиндагӣ! Эй пири пурнайранг! Ҳай-ҳай! Шарм бодат!
Қандҳои додаат ҷуз фанд нест,
Пандҳои додаат ҷуз банд нест,
В-ин фурӯғи ту дурӯғ аст!

Ту анори қалби шодоби маро
Хуб афшурдиву афшурдиву шаҳдашро ба комат рехтӣ,
То ки як мушти дили афсурда бо ман монд.
Ту маро, хоки маро дар элаки макрат
Бехтиву бехтиву бехтӣ,
К-аз вуҷудам резахоки мурда бо ман монд.

Зиндагӣ! Вақти ҳисобат омада!
Соати бардоштан аз рӯ ниқобат омада!

Барг-барг аз рӯи ман садбарги хандонам гирифтӣ,
Барқ-барқи озарахши ҷони сӯзонам гирифтӣ,
Чун тиҳӣ гаштам зи нуру аз сафову файзи ҳастӣ,
Аз гиребонам гирифтӣ!

Оқибат ҷуръат маро ҷони дигар дод,
Оқибат қисмат маро они дигар дод,
Даст бурдам, то барафкандам ниқобатро зи рӯят!

пешина
аз 218
навбатӣ