ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа
Зиндагонӣ ранг мегирад ба ранги орзуҳои равонам,
Нестам ман дар ҷаҳон,
ман худ ҷаҳонам!
Мебароям ҳар саҳар аз умқи худ
Ҳамчунон хуршед аз умқи уфуқ,
Ҳамчу чашма аз ниҳоди санг,
Ҳамчу гул аз хок бо сад ранг!
Мебароям садди узлатро шикаста,
Аз сари нанг...!
НИҚОБ
Рафтаму рафтам, Худоё! Рафтаму рафтам...
Буд марде қоматаш афрохта,
Ҳайкалаш аз бовари мо сохта.
Як кулоҳе дошт дар дастеву бо дасти дигар
Ҷумлаи моро ҳидоят менамуд...
Рафтаму рафтам, Худоё! Рафтаму рафтам..,
Гаҳ савора, гаҳ пиёда,
гаҳ хазида, гаҳ тапида,
Дар тамузу замҳарири рӯзгорон,
Сӯи фардои дурахшон,
Медавидам бесару по,
Медавидам норасида
Норасида мерасидам...
Пеши роҳам сангу обу кӯҳу дарё буд,
Ман хазидам, ман ҷаҳидам, ман паридам.
Ҳар гаҳе абри сиёҳе баст рӯямро,
1
Барқ гаштам, пардаҳояшро даридам...
Солҳо рафтанд, инак,
Хастаҳолу зору музтар,
Оқибат истодаам дар пушти дар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё