Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ВАТАНИ ХАЙРУ САХО

ТОҶИКИСТОН АСТ ИН ҶО!

Гиря хандон,
Дард рақсон,
Ғусса дар пушти ҳарири ашк пинҳон аст ин ҷо,
Тоҷикистон аст ин ҷо!

Як дуои мӯсафеде раҳкушои туст,
Як нигоҳи хайрхоҳе дар варои туст.
Ҷӯяки оби зулоле дар суроғи офариниш
Сӯи ободӣ шитобон аст ин ҷо,
Тоҷикистон аст ин ҷо!

То бирӯбад осмонҳоро зи гарди кинаву ғам,
Мурғаке дар авҷи гардун болафшон аст ин ҷо.
То туро гӯяд дуруду шодбошӣ,
Гул сари роҳат ба сад изҳор хандон аст ин ҷо,
Тоҷикистон аст ин ҷо!

Номи тоҷикӣ сафое мебарад,
Нуру файзу рӯшноӣ мебарад,
Нозанин, Хуршед, Нилуфар, Ҳумоюн..,
Ном не, фарҳанги зебоист,
Ном уммед асту армон аст ин ҷо,
Тоҷикистон аст ин ҷо!

Пираҳан дар қомати инсон
Нури нусрат дораду файзи саҳар,
Орзуи духтарон, армони модарҳо
Бо ҳазорон ҷилваи маъно дурахшон аст ин ҷо,
Тоҷикистон аст ин ҷо!

пешина
аз 218
навбатӣ