Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дарат бозу дилат баста, чӣ гӯям?
Бо полези ту пул раста, чӣ гӯям?
Ту арзониву колои ту қимат,
Чӣ гӯям аз паси раста, чӣ гӯям?

Ба кӯҳистон, ки хуш гулбор бошад,
Ҷавонмардӣ дифои ор бошад,
Дар ин ҷо хок зар гардад ба заҳмат,
Дар ин ҷо хор ҳам даркор бошад.

Гули саҳро даме бишкуфту пажмурд,
Гули ях об гашту хешро бурд,
Ҳама гулҳо хазон гаштанд, аммо
Гули ёди ту дар ёдам наафсурд.

Гули ёди ту дар ёдам шукуфта,
Ба ёди ту дилам ҳаргиз нахуфта.
Ҳазорон гул нумӯ дорад ба ёдат,
Даруни сина чун рози нагуфта.

Гузаштӣ, чун сабоҳи ман гузаштӣ,
Зи роҳи ман чу оҳи ман гузаштӣ.
Набахшидам гуноҳамро ба худ ман,
Ту оё аз гуноҳи ман гузаштӣ?!

Сафо андӯхтӣ, пайваста, эй дил,
Зи худ афрӯхтӣ пайваста, эй дил,
Ту будӣ қӯраи оташ ҳама умр,
Маро ҳам сӯхтӣ пайваста, эй дил.

Дили ман, як нафас бе ғам нагаштӣ,
Дар ин олам даме ҳам дам нагаштӣ.
Ба сад муштат задам, ту хам нагаштӣ,
Туро ҳар рӯз куштам, кам нагаштӣ.

пешина
аз 218
навбатӣ