Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ба зери гирярезони тагаргам,
Ба зери ашки мардум лолабаргам,
Агар ман зинда мебудам, пас аз марг
Ба қаҳ-қаҳ ханда мекардам ба маргам.

Ҳама суду сууд аз зиндагӣ рафт,
Чӣ менолед, суд аз зиндагӣ рафт.
Бубояд бо суруд омад ба ҳастӣ,
Бубояд бо суруд аз зиндагӣ рафт.

Ба суди хештан раҳ суда кардӣ,
Ба ғайбам ғайбати беҳуда кардӣ,
Дилам к-осуғда гардид аз аловат,
12
Ту дур аз дудаву дар дуда кардӣ.

Намефахрам ман аз ҳар ину ҳар он,
Намеҷӯям ман аз дунё саробон
Саробони ту мебошад фалонӣ,
Саробони ман ин гардуни гардон.

Гузоридӣ ту домеро ба роҳе,
Сипас рафтӣ ба изи бегуноҳӣ,
Зи ёдат рафт доми мондаи ту,
Ба доми худ фитодӣ як пагоҳӣ.

Дилам хоҳад, ки бошам дар сафи гул,
Диламро гарм созам дар тафи гул.
Бубин, саршори нури меҳр бошад
Чароғи зиндагонӣ дар кафи гул.

Дарат бозу даҳонат воз, ҳайфо!
Фикандӣ пардаҳои роз, ҳайфо!
Дари шодӣ, ки бар ёрон кушудӣ,
Ба душман низ мондӣ боз, ҳайфо!

1
Дуда – хонавода.
Дуда – сиёҳӣ.

пешина
аз 218
навбатӣ