Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Вузӯ бо шабнами поки саҳар кун,
Ҷаҳонро аз сафои худ хабар кун.
Шавад то бегунаҳ рӯзат паси сар,
Ба чашми тифл ҳар субҳе назар кун.

Ба ду дунё паноҳам ишқ бошад,
Ба дил тӯмори роҳам ишқ бошад.
Ба пеши додгоҳат то қиёмат
Далели ман, гувоҳам ишқ бошад.

Биё, эй ишқ, дарё рез дар ман,
Биё, эй ишқ, маъно рез дар ман,
Маро покиза кун, покизагиро,
Аз он чашмони шаҳло рез дар ман.

Сари роҳи маро роҳи ту гирад,
Диламро ёди дилхоҳи ту гирад.
Намедонам туро гирам, нагирам,
Намехоҳам маро оҳи ту гирад.

Шикаст оина, акси ту нагун шуд,
Ба садҳо акс акси ту фузун шуд.
Зи сад аксат кадомашро бигирам?!
Дил аз оинапора ғарқи хун шуд.

Ту дар ойинаи чашмони ман бош!
Чӣ гӯям чашм? Андар ҷони ман бош!
Шикаст оинаву акси ту ҳам рехт,
Ту дар оинаи имони ман бош!

Ғурурат дар куҳистон кор н-ояд,
Насиб аз санг ин ҷо кас рабояд,
Ҷавонмарде, ки паймояд раҳи кӯҳ,
Ба сӯи қулла бо таъзим ояд.

пешина
аз 218
навбатӣ