ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа
Ба зери қуллаи кӯҳи сарафроз,
Агарчи зистӣ умре даҳанвоз,
Ба тори қулла боре раҳ набурдӣ,
Ки шаҳболат кушоӣ мисли шаҳбоз.
Дареғи рози чашмонат, дареғо,
Дареғи рози пинҳонат, дареғо.
Дареғи он гуле, ки русту пажмурд
Ниҳон дар қалбу дар ҷонат, дареғо!
Зи пушти шак ҳама як-як бигардем,
Ба шакҳо тан шакида, шак бигардем.
Ба ёди моҳии заррин ҳама умр,
1
Ба чанги зиндагӣ чангак бигардем.
Чӣ туте, як ҳазору анд сола!
Ба шохаш меваҳо дорад кашола,
Агарчӣ хушку бешаҳданд ҳар сол
Бубандад меваҳо чун ашки нола.
Гули рангин бубину ранги гул бин,
Чароғи ишқро дар чанги гул бин,
Фурӯғи фитрати фарзонагонро
Ту дар одобу дар фарҳанги гул бин.
Насиме дар лаби саҳро ғанимат,
Лаби чашма, лаби дарё ғанимат.
Нигаҳ дорад Худованд аз лаби гӯр,
Лаби ёр аз ҳама лабҳо ғанимат.
Чу танҳоӣ, савори худ шаву рав,
Мадор аз кас, мадори худ шаву рав.
Ғаматро гӯр кун дар худ, касеро
Маёзору мазори худ шаву рав.
Чангак – моҳигирак

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё