ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа
ДОЙРА
Дар дасти шохаҳои дарахт офтоб буд,
Чун дойра ба панҷаи хунёгарони нур.
Мерехт сози нур ба оҳанги равшанӣ,
Арғушти нур буду навои дилу сурур.
ДУШМАНИ ТУ
Душмани ту кист, гӯям, ҳамватан,
То бихезӣ рӯ ба рӯяш тан ба тан.
Душмани ту дар ту пинҳон гаштааст,
Хез бар ҷангу ҷиҳоди хештан.
ДУШМАНИ ХУД
Бас, дигар душман маҷӯ, душман маҷӯ,
Хайрхоҳи меҳани худ бош, бас.
Дигаронро дӯст дору дӯст бош,
Душмани худ, душмани худ бош бас.
САРҲОИ МО
Он қадар сарҳои мо бубридаанд,
Зиндагонемон ҳама ғам буд, ғам.
Айби душман нест, чун сарҳои мо
Пеши душманҳоямон хам буд, хам.
АЙБИ МО
Нест айби пардаҳои боз,
Айб айби дидагони мост.
Нест айби теғи душманҳо,
Айб дар теғи забони мост.
РЕХТАН
Мӯ ба мӯ охир ҳама мӯйи ту рехт,
Барги шодӣ аз гули рӯйи ту рехт.
Аз қавоқат хест чун абри ғазаб,
Обрӯи ту аз абрӯи ту рехт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё