ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа
ҲАЁ
Гар ту на туӣ, чӣ суд аз пираҳанат!?
Завқе, ки ту дорӣ, ҳайфи боғу чаманат!
Ҳуснат на ба ранг асту либос асту палос,
Мепӯш ҳаёро чу либосе ба танат.
ТАБАРЗАН
Ин зиндагӣ ончунон маро афшондаст,
Ман нестам он касе, ки дар ман мондаст.
Нахлест, ки баргу бори ӯ рехтааст,
Ҳукмаш ба ҳукумати табарзан мондаст.
ПОДОШ
Подоши тамоми шодмонӣ додем,
Пирона ҷавоби навҷавонӣ додем.
Ҳар чиз, ки дод зиндагӣ охири кор
Баргашта варо ба зиндагонӣ додем.
БУРДАНД
Он мардуми хушсириштро бурданд,
Он ҷангалу боғу киштро бурданд.
Дар тифлии ман биҳишт ин ҷо буд,
Аз рӯи замин биҳиштро бурданд.
ИШҚ
Дар хатти ҷабини ман навиштӣ: Ишқ.
Аз ишқ вуҷуди ман сириштӣ, ишқ!
Дар хоки вуҷуди ман чӣ киштӣ? Ишқ!
Эй вой, чӣ хубиву чӣ зиштӣ, ишқ!
КОВАЕ ҲАСТ
Ковае ҳаст, ки ҳар лаҳза тавонад бархост,
Ковае ҳаст, ки чун набзи адолат бо мост.
Парчами пираҳани заҳматиаш андар тан,
Дар сари шонаи мардум, зи ҳама ӯ болост.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё