Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

САРДОР
Рӯшан дили худ кун, зи шаби тор натарсӣ,
Сардор чунон шав, ки зи сардор натарсӣ.
Сар дор чуноне, ки надорӣ ба ду каф сар,
Сар дор чунон, то зи сари дор натарсӣ.

ДАР ПАСИ ПАРДА
Мушт бар мо мафишонед, ки мо мушти парем,
Бикушоед, дароем, ки мо пушти дарем.
Ин тамошо ҳама андозаи ангораи мост,
Дар паси парда касе ҳаст, ки мо бехабарем.

ДАЪВОИ ҶАВОНӢ
Даъвои ҷавоният ҷавонмардӣ нест,
Дар сурату сирату равон мардӣ дор.
Домони ҷавонӣ бигузору бигузар,
Минбаъд зи домани ҷавонмардӣ дор.

ОСИЁБУ ОБРӮ
Зиндагӣ дармони бедардон бувад?!
Зиндагӣ бар коми номардон бувад?!
То ба кай аз обрӯи мову ту
Осиёби нокасон гардон бувад?!

ҶОЙИ ШУКР
Рӯди мо аз кӯҳи мо зар мебарад,
Чашмаҳои оби кавсар мебарад.
Во дареғ, аз ин зулолиҳои худ
Соҳиби он дидаи тар мебарад.

ҚУРБОНИ ХУД
Бе тиру туфанг тирборони ҳамем,
Сад захми сухан ниҳода бар ҷони ҳамем.
Бе он ки кушанд бо силоҳе моро,
Бо теғи забон кушаву қурбони ҳамем.

пешина
аз 218
навбатӣ