ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа
САДО КАРД
Туро набзи дилам имшаб садо кард,
Тапиду ҳар нафас бо таб садо кард.
Ба ёдат, кавкаби ман, то саҳаргоҳ
Маро чун кабк як кавкаб садо кард.
ОМАДАМ БОЗ
Ман аз ишқи ту шайдо омадам боз,
Сурудат дар саропо омадам боз.
Чунон куштӣ маро бо як нигоҳат,
Ки ман аз нав ба ба дунё омадам боз.
ХАБАРИ ИШҚ
Ёро ба ту аз ишқ хабар овардам,
Хуршеди ҷаҳонро паси дар овардам.
Дидам, ки гули умеди ту пажмурдаст,
Борон шудаму ду чашми тар овардам.
ШУБҲА
Гар боз ба он боғ биёранд, ту боз
Дастат бикунӣ ба сӯи он себ дароз.
Ин шубҳа, ки дар ту мисли ақраб боқист,
Дар панҷаи ту панҷаи худ созад боз.
ДАРДИ МАҲАЛ
Мекушад охир туро мӯри мағал,
Мекушад охир туро мори бағал.
Мекушад охир туро дарди маҳал,
Миллати бечораву зору касал!!!
ХОКИ ПОК
Ин хок, ки поктар ба мо аз пок аст,
Ҳар чиз, ки мехурем мо, аз хок аст.
Як рӯз расад, ки хок моро бихурад,
Бо хок ҳисоби мо дар охир пок аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё