БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Ҳазрати Сайид Шоҳабдулатиф нигаҳбони аҳли деҳа, нигаҳбони давоми ҷигарбандон, давоми фарзандонашон, асрҳо боз руҳашон онҳоро бонӣ мекунанд, аз балоҳо, аз офатҳо ҳифз менамоянд.
Дар рӯзҳои низоъҳо, ҷангҳои байниҳамдигарии тоҷикон аз ким-куҷое ба ҷониби деҳаи Нилкон аз тӯпҳо тирҳо холӣ шудаанд, тирҳо ба девор, (дар он рӯзҳо мазор аз нав бунёд мешуд), ба сутунҳои пешайвони мазор омада, ба замин – ба пешгоҳи он афтода. Лек ягонтои он ба болои деҳа, ба сари одамон ва ҷонвариёту ҷонзотҳо нағалтида, сари хасе аз кулбаҳои аҳолӣ беҷо нагашта.
Мазори Ҳазрати Сайид Шоҳабдулатиф тирҳоро ба худ гирифта. Руҳашон фарзандон–мардумони деҳаро ҳифз намуда, болои сарашон сипар шудаанд.
Мардум бо чашмонашон дида ва шунидаанд, ки руҳи Ҳазрати Сайид Шоҳабдулатиф аз носипосӣ, беҳурматии одамон ранҷидаанд. Ранҷишашон боиси беморию ранҷурии якумрии баъзеҳо шуда. Рӯи ин гуна касон каҷ, ба паси сар чапа гашта. Шахсони пургуноҳ, нопок аз назди мазор роҳ ёфта натавонистаанд, тавбаю надомат мекардаанд, даст ба гиребонашон мешуданд.
Боре корвонакиҳо аз Хитой бармегаштаанд, чандин шабу рӯз буда, ки онҳо дар роҳ. Зану марди бисёре. Раҳ ба раҳ чи дилхушӣ, чи беадабиҳо накарда. Он рӯз аз кутали деҳаи Роҳатӣ нишеб шудани ин корвонакиҳоро одамон аз деҳаи Нилкон мушоҳида намуда. Тамошои аҷоибе. Корвонакиҳо аз улавҳошон пиёда шуда таги дарахтони олучаю зардолуҳои ғарқигулшудаи канори роҳ ғун омада суруд мехонданд, даф мезаданд, занону духтаронашонро оғӯш мекашиданд, онҳоро ба даруни боғу дарахтзорон кашола мекарданд. Аз афташ май нӯшида, ҳама маст, сархуш, аз худ бехабар. Садои ҳаёҳуй, қаҳқаҳи хандаашон ба фалак. Баъзеашон рӯи роҳ афтода боз бо мадади ҳамдигарӣ аз ҷой бармехостаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё