Зеҳн
БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Як қисса ва чанд ҳикоя

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 182 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Дар давоми чанд сол – солҳои 1990-1997 муттахассисону масъулони Муассисаи давлатии иттиҳодияи илмӣ-истеҳсолӣ оиди таъмири ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карданд. Зиёдулло Ҳасанов, Рамазон Насирдинов, Музаффар Азизов, Сайидҷаъфар Раҳмонов, Павел Тимофеевич Самойлик барин масъулони ин муассиса дар он солҳои пурошӯб, ки сари ҳар қадам силоҳдорон буданд, осон набуд, ки ба масҷид омада мерафтанд. Гурӯҳи устоҳои истаравшанӣ бо сарварии Устосолеҳ ба нақшу нигори сутунҳо ва пӯшонидани айвонҳо машғул шуданд. Корҳои сохтмону бунёдгузории мазор ба анҷом расид. Дар он солҳо эшони мулло Шамсиддин ва мулло Тоҳир эмомхатибҳои масҷид буданд. Мазори ҳазрати Сайид Шоҳабдулатиф ҳусни дигар ёфт. Акнун чун аз дарвозаи нави пурнақшунигори масҷид вориди он шавем, аз ҳама аввал чашм боз ба мазор меафтад, ки ҳусну шаҳомати масҷидро афзунтар намудаанд. Мо акнун мазори пешинаи ҳазрати Сайид Шоҳабдулатифро хаёлан ба хотир меорем, нақлу ривоятҳо ҳам аз он рӯзҳо дар хаёламон мондаанд.
Аз паси деворҳои саҳни масҷид, аз канори мазор роҳ, роҳи калони байни деҳаи мо ва Роҳатӣ, роҳи бисёр деҳаҳои дигар ва маҳаллаҳои дур, роҳи шаҳр, шаҳри Душанбе. Пеш, дар замонҳои подшоҳӣ, ҳама харакию аспакӣ бо ҳамин роҳ ба бозор–ба Душанбе мерафтанд, ангур, себ меваҳои боғашонро мебурданд мардум ба бозор. Шабҳо ҳам улавакиҳо бо ин роҳ мегузаштанд. Аз деҳаи Роҳатӣ куталро нишеб мешуданд ва аз сангоб, ки мегузаштанд, боз кутал, кутали деҳаи Нилкон пеш меомад. Дар сари кутал мазор, мазори Ҳазрати Сайид Шоҳабдулатиф, аз паси мазор ба деҳа роҳ оғоз ёфта.
Баъд кӯчаҳо, ҳавлиҳо, кулбаҳою боғу майдонҳои мардумони деҳа ва роҳ ба масҷиду дохили мазор.

пешина
аз 182
навбатӣ