БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Ва Носирхитой «аз таги ахтахона бохабар шавед» гуфта ба домулло Мирзо таъин кардани вайро ба гӯш гирифта буд. Бо фармоишаш даҳҳо нафар белу каланд дар даст замини ахтахона, охурҳои аспҳоро канданд. Дороии васият кардаи Ҳоҷимаҳмуд пайдо гашт. Аз таги замин чанд кӯза ёфтанд, кӯзаҳои тангаю тилло. Тангаю тиллоҳои Ҳоҷимаҳмудро бурданд.
Носирхитой, савораҳои ҳамроҳи ӯ, дар он рӯзи ҳавои пурабр, ки ҳанӯз борон меборид, бо бору буни зиёд, бо тангаю тилло аз хонаи Ҳоҷимаҳмуд, аз деҳаи Нилкон бурун рафтанд.
Лек мегӯянд, ки баъд воқеае рух дода. Носирхитой ва аҳли рикобаш аз деҳаи Ҳазрати Мавлоно баромада рӯ ба дарё мерафтаанд, дар пеш дарёи Кофарниҳон, дарёро бояд мегузаштаанд. Аммо натавонистаанд. Ҳамаро дарде гирифта. Носирхитой қомат рост карда натавонистааст, дардаш ҷонгудоз, дарди шикам, дард ба шикамаш чанг андохта. Пахш мекардааст шикамашро ба қоши зин. Вале миёнаш рост намешуда. Мефаҳмад, дарк менамояд, ки руҳи Ҳоҷимаҳмуд аз ӯ ранҷида, пушт ба пушти вай эшону эшонзода. Дард лаҳза бар лаҳза зиёд гашта бедавотар мешуд Носирхитой.
«Тавба кардам, Ҳоҷимаҳмуд, маро бубахш, Ҳоҷимаҳмуд», аз зӯри дарди ҷонгудоз доду фарёд мезадааст он хунхор. Бо умеди раҳо ёфтан аз дард ақиб мегардад.
Лаҷоми аспро аз нав ба ҷониби деҳаи Нилкон мегардонад, меояд ба ҷое, ки Ҳоҷимаҳмудро ба қатл расонида буд. Сари мурдаи ӯ аз асп пиёда мешавад, фӯтааш дар гардан, замин мебӯсад, тавба мекунад. Лек ба ҳеҷ гуна чораю тадбир Носирхитой дигар аз дард ба худ намеояд. Ба хонааш расида наметавонад. Хешовандон пас аз чанд рӯз мурдаи ӯро пайдо кардаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё