БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Аммо бо як Ҳоҷимаҳмуд, ки вай аллакай ба дили Носирхитой даҳҳо ханҷар задааст, шармандаю шармсораш гардондааст, ҳеҷ кор карда наметавонад.
Дар ин миён боз як ноосудагие дар ҳаёту зиндагии Носирхитой ва ҷумлаи босмачиёни Иброҳимбек ба амал омад. Дастаҳои Аскарони Сурх дар ҳама ҷо онҳоро таъқиб мекарданд, ҷои осудан, бехавфу хатар барояшон намемонд. Йигитҳои онҳо, қумандонҳои обрӯмандашон кушта мегаштанд. Дар деҳаҳо, дар зодгоҳи худашон душманҳояшон беш гашта. Ҳатто духтари холаи худаш Бахмалой рӯ бароварда фаресарро аз сар партофта, ба Иброҳимбек душман шудаасту бачаашро бо Аскарони Сурх ҳамроҳ кардааст. Ҷои хоб, ҷои пинҳон гаштаи онҳоро хабар медоданд, ба дараҷае, ки дар ватанашон барои босмачиёни Иброҳимбек, барои Носирхитой ҷои зист намонда. Маҷбур гашта буданд, ки пас аз амир Олимхон онҳо низ ба хоки Афғонистон гузаранд. Носирхитой низ бо йигитҳояш ҳамроҳи Иброҳимбек аз дарё гузаштанд, дар Афғонистон панаҳ бурданд. Дарёи пуртуғёни Панҷро дар айни баҳор, дар рӯзҳое, ки борон меборид, сел меомад, ҷон ба каф гирифта гузаштанд. Ба мулки бегона рӯ ниҳодан аз ҳама беш баҳри Носирхитой аламовар буд. Дар он сӯи дарё ватан, зану фарзандон. Дилу ҷигараш монда.
Аламовар буда барои Носирхитой, ки ба душманаш Ҳоҷимаҳмуд ҳеҷ коре карда натавонист, дар масҷид, дар назди мардуми деҳаи Нилкон, дар ҳозирии эшони Тошбой рӯ ба қибла қасам ёд карда буд. Ҳоҷӣ аз ӯ дур, дар ватан монд. Шояд рӯзе худи Носирхитой кушта мешаваду душманаш зинда мемонад. Агар ҳамин тавр шавад, вай номурод. Не, вай ба муродаш мерасад. Аз як ҷиҳат, баҳри кушта гаштани Ҳоҷимаҳмуд ва ҳатто эшони домулло Мирзо акнун имкони муносиб омада.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё