Зеҳн
БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Як қисса ва чанд ҳикоя

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 182 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Иброҳимбек аз ватан дур, дар мулки Афғонистон. Агар Носирхитой роҳ ёбаду боз як бори дигар ба ватан баргардад, даҳҳо ва ҳатто садҳо касро ҳам ки сар бизанад, ба вай касе чизе гуфта наметавонад. Ҳоҷимаҳмуд ё авлоди вай Иброҳимбекро аз куҷо пайдо карда ба вай арз мекунанд? Худо хоҳад, Носирхитой бо йигитҳояш, албатта, боз аз дарё мегузарад. Дина худи мир Иброҳимбек дар ин масъала ҳарф ба миён овард. Номи одамони бисёреро зикр намуд. Онҳоро ном ба ном нависонд.
Онҳо душман, хоин, хабаркаш, ҷосус... Онҳоро куштан лозим буда. Ба ҳазрати мир мефаҳмонад, ки ин вазифаро ӯ бо йигитҳояш ба ҷо меорад. Ана бо ҳамин баҳона боз ба Нилкон меравад, Ҳоҷимаҳмудро меёбад, агар сад ҷон дошта бошад ҳам, як ҷонаш намераҳад. Хунашро мелесад, мехӯрад, баъд дилаш таскин меёбад, ба орзуяш мерасад.
Аз ҷониби Иброҳимбек барои ба ватан баргаштани Носирхитой ва гуруҳи зиёди йигитҳояш фармоиш ба миён омад. Ба ӯ, инчунин, худи Иброҳимбек чанд варақ коғаз дод. Коғазҳое, ки одӣ набуданд. Тақдири инсонҳо, ҳукми қатли онҳо дар онҳо бо хату муҳр тасдиқ ёфта, ба ҳукми қонун даромада. Ба назари Носирхитой он коғазҳо аз тамоми молу амволи дунё пурқимматтар менамуд. Бо чи ваҳшонияте қатли маҳкумшудагонро ба ҷо меорад, ихтиёраш. Молу амволашонро ҳам тороҷ карда ба аспҳояшон бор мекунанд. Шояд ӯ аз болои аспаш нафаромада ба йигитҳояш фармон медиҳад.
Онҳо қодиранд, тавоноанд, ҳарчи ки Носирхитой бихоҳад, ба ҷо меоранд. Молу амволи ба ғанимат омада ба ҳавлии Носирхитой бурда мешаванд. Албатта номи Ҳоҷимаҳмуд ё эшони домулло Мирзо дар рӯйхате, ки Носирхитой дар даст дорад, навишта нашудааст. Лекин вай аз ҳама аввал ҳамин Ҳоҷимаҳмудро мекушад, бале, аз ҳама аввал.

пешина
аз 182
навбатӣ