БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Ҳоҷимаҳмуд бо намояддагони давлати Шӯроҳо – бо русҳо ҳамгап. Аз ҳама муҳимаш Ҳоҷимаҳмудро худи Иброҳимбек мешинохт. Ҳамон шабе, ки ба хотири эшони домулло Мирзо ба суроғи Иброҳимбек рафта буд, аз ҷанҷоли байни Ҳоҷимаҳмуд ва Носирхитой огоҳӣ ёфт. Носирхитой бо Иброҳимбек хеш ҳам бошад, ба ҳар ҳол эҳтироми Ҳоҷимаҳмуд дар назди вай зиёд.
Дар масъалаи Ҳоҷимаҳмуд бо Носирхитой сӯҳбат намуд, фаҳмид, ки Носирхитой ба Ҳоҷимаҳмуд кинавар шуда. Феълу атвор ва марди бефарҳангу ҷоҳил ва беандеша будани Носирхитойро медонист, ӯ кӯтоҳандеш.
Ба гуфте, ки феъли саг ба соҳибаш маълум. Барои ҳамин ҳам таъкид кард, ки ба Ҳоҷимаҳмуд кордор нашавад, дар акси ҳол агар ба вай осебе ояд, ба пояш хоре халад, худи Иброҳимбек ӯро саришта мекардааст, мекуштааст. Обрӯ ва эҳтироми эшони домулло Мирзоку дар назди Иброҳимбек аз ҳама баланд. Иброҳимбек ба Носирхитой ҳамаи инро гаштаю баргашта мефаҳмонд. Ӯ дар масъалаи ин ду душманаш гӯё ба ҷеле дармонда буд. Чи карданашро намедонист, эшони Тошбой бошад, ҳар гоҳ вақту бевақт меҳмони Носирхитой шуда хабар мебурд, халтаи хабар шуда эшони Тошбой, бо хабарҳои нохушаш табъи вайро ҳамеша нохуш ва хотирашро ноосуда мекард. Ғазабаш меомад, ваъдаашро дар назди эшони Тошбой ба ҷо оварда наметавонист. Агар ба ҷои ин ду душмани ҷонаш Ҳоҷимаҳмуду эшони домулло Мирзо касони дигар мебуданд, Носир-хитой кайҳо онҳоро саришта мекард, натанҳо худашон, балки аҳлу авлодашон нест мешуданд, устухонҳояшон ким-кайҳо дар таги хок мепӯсид, рӯи қабрашон як ваҷаб сабза медамид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё