БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Амали хайр шурӯъ гашт. Аз ҳар хонадон ба дараҷаи имконашон пул ғун оварданд, баъзе одамони будаманди деҳаро, ки дар шаҳри Душанбе мезистанд, ба нанг андохтанӣ шуданд. Якду нафари онҳо гӯё миён бастаанд. Гуфтаанд, ки мазорро худашон обод мекунанд. Дар ин миён нафаре аз аҳли деҳа изҳор карда, ки масъалаи аз нав бунёд кардани мазорро ба ӯҳдаи ӯ гузоранд. Дар дил ӯ орзуҳо парварида, ҳатто ба кор шурӯъ намуд. Рӯзе дидем, ки он ҳамдеҳаамон булдозер оварда деворҳои мазори Ҳазрати Сайид Шоҳабдулатифро мегардонад. Чанги хок ба осмон.
Хиштҳои мазор, ки ҳар яке аз гузашта нишоне, ёдгорие буданд, зери чархҳои мошини пурдаҳшати афсонавӣ монда қасар-қусур мешикастанд, пора мегаштанд, гӯё булдозер хиштҳоро ба комаш фурӯ мебурд, як-як нобуд месохт. Ба ақли кас намегунҷид, ки ба ёдгориҳои аз гузашта боқимонда чунин муносибат намоянд. Ёдгориҳо барои ҳар халқу миллат азизу нишонаҳо аз гузашта, нишонаҳои аҷдодонамонанд. Агар лозим биояд, мо бояд чангу ғубори болои хиштҳои ин ёдгориҳоро бо дидагонамон бардорем. Аммо ҳамдеҳагони ман аз нофаҳмӣ чи коре карданд? Бале, медонистем, ки ин амали ба ҷо омада, саҳван сар зада, аз кутоҳандешӣ, саҳлангорӣ. Вагарна ба мисли аввалааш аз нав бунёд сохтани мазор осон набуд, хароҷоти зиёд, маблағи беҳисобе лозим. Меъморон, идораҳои масъул, олимон бояд тарҳи аз нав ба вуҷуд овардани мазорро рӯи коғаз меоварданд.
Мазори Ҳазрати Сайид Шоҳабдулатиф вайрон ва аз рӯи замин нопадид гашта буд. Хиштҳои сиҳатмонда ва нимшикастаро ҷо-ҷо рӯи ҳам чиданд, ҷои мазор ғарамҳои хишт ба назар меафтод. Чӣ коре шуда? Хурду калони деҳа хиҷил. Чун аз дари масҷид медаромаданд, ба саҳни он назар меандохтанд, ҳамон чинорҳо, чинорҳои сершоху навдаи баланд-баланд, кундаҳояшон чунон ғафс, ки гирдогирдашон арғамчинҳо намерасанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё