БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Гирдогирди мазори Ҳазрати Сайид Шоҳабдулатиф бо хишт девор бардошта шуда буд, бо хишти пухта. Бо гузашти солҳо ҷо-ҷои деворҳо вайрон шуда, хиштҳо афтода, шикаста, таги хок монда буданд ва мазор намуди вайронае пайдо намуда. Мардуми деҳа деворҳои валангори мазори Ҳазрати Сайид Шоҳабдулатифро аз нав бунёд карданӣ шуданд. Хело сол ҳамин хел орзу доштанд, дар маъракаҳо ва дар масҷид, дар ҳузури намозгузорон дар ин масъала гап мекушоданд, маслиҳат мекарданд.
Соли 1989-ум ба масҷид имомхатиби нав омад. Ӯро бо хоҳиши аҳли деҳа аз ҷониби Идораи қозиёти ҷумҳурӣ фиристода буданд. Шахси фозил, воиз, шӯҳратманд. Номи эшон ҳоҷӣ Саъдиддин. Мухлису эътиқодмандонашон зиёд, суханҳояшон ба ҳама хуш меомад. «Амри маъруфи ҳоҷӣ Саъдиддинро шунавем»
гуфта аз деҳаҳои ҳамсоя, аз шаҳри Душанбе ба масҷиди деҳаи мо намозхонҳо меомаданд. Дар давраи имомхатибии ҳоҷӣ Саъдиддин масҷид обод ва серодам гашт. Дар рӯзҳои Иди шарифи рамазон ва Иди қурбон дар саҳни масҷид ҷойи холӣ намемонд, ки намоз гузоранд. Саҳни васею озодаи масҷид, кӯчаҳою боғоти деҳа пур-пури одам мешуд. Аз панду насиҳатҳои ин инсони муътабар ҳама баҳравар. Сухану амалашон мувофиқ, бетамаъ.
Мисли баъзе муллою имомхатибҳо аз пайи ғун овардани молу амвол, бунёди хонаю дари боҳашамат, мошингирию пулёбӣ набуданд. Хаёлашон ба тоату ибодат, ба мутолиа. Кам мехӯфтаанд, тоатӣ, дар забонашон зикри Аллоҳ. Ранҷ мекашиданд, чеҳраашон заъфаронӣ, лоғарандом. Дӯсташон медоштанд ҳамнишинону ҳамнафасон.
Ободии масҷид, ободии деҳа буданд.
Бо саъйи ана ҳамин шахсияти нексиришт – ҳоҷӣ Саъдиддин дар деҳа пайи азнавсозии мазори ҳазрати Сайид Шоҳабдулатиф афтоданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё