БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Беҳ-беҳ мекунем. Баъд мегӯем, ки фалон касро куш, хонаашро ғорат кун. Ҳамон фалону бисмадон кас кӣ?
Одамони қишлоқи худамон, хешу табори худамон. Мо ҳамин хел бераҳму беандеша ҳастем.
Эшони домулло Мирзо ин гапҳоро гӯшона ба душманони Ҳоҷимаҳмуд мегуфтанд. Якеаш ҳамон дузди номии деҳа ва дигараш ҳамон ҳамсояаш эшони Тошбой, ки вайро эшони домулло Мирзо нимчамулло мегуфтанд. Нимчамулло ба Ҳоҷимаҳмуд ғузнадор. Вай дар масҷид имомхатиб шуданӣ. Вале сади роҳаш ҳамин Ҳоҷимаҳмуд, ба қади пасту ҷуссаи нокироии эшони Тошбой ишора карда «Эшони Тошбойро худаш чию илмаш чӣ… илмаш дар куҷояш ҷой гираду хурдагиаш дар куҷо? Э, гум шаваде», – дар пеши худию бегона ба ҳоли вай механдаду механдад. Ва он ду душмани Ҳоҷимаҳмуд он лаҳзаҳо дар масҷид дар намози саҳар ҳозир буданд, аммо аз ғазаби халқ, аз Ҳоҷимаҳмуд меҳаросиданд. Лаб зери дандон ба гуфтаҳои домулло тоб меоварданд, ҷавоб гардонда наметавонистанд.
Ҳоҷимаҳмуд ба пешгоҳи аҳли намоз баромада ба онҳо рӯ овард.
– Қавмо, бо шумоҳо гап дорам, дар хотир доред, – ӯ канда-канда ба суханаш афзуд: – имрӯзҳои нотинҷии мою шумо мегузарад. Агар намирем, боз мою шумо мемонем. Ҷои сӯхта сабза медамад. Ба Худо, ҳамин хел мешавад. Зану духтарони деҳа нангу номуси ҳамаамонанд, онҳо занҳои мо, модарҳо, хоҳаронамон. Лекин як-ду беномус занҳои деҳаро ба бегонаҳо, ба одамони ғайр савдо доранд. Онҳо ба Носирхитой зан доданӣ. Мо беномус нестем, якҷоя мешавем, намемонем, аз Нилкон зан ёбанд, зан гиранд, дигаронро намедонам, лекин хуни ман намебардорад, намегузорам. Барои ҳамин бо Носирхитой ҷанг шудам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё