БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Боз мегӯям, қавмо, биёед, тифоқ шавем, қишлоқ гӯем, зану фарзанд гӯем, – Ҳоҷимаҳмуд гӯё ҳамаи гапи дилашро гуфта буд, ки хомӯш гашт, намозхонҳо ҳанӯз аз ҷойҳояшон наҷунбида, гӯш ба гуфтаҳои ӯ буданд. Вай рӯ ба ҷониби дар овард, аз масҷид берун шуд. Лаби сӯфаи масҷид рӯ ба офтоббаро ба ҷониби мазори Ҳазрати Сайид Шоҳабдулатиф истод. Дуои фотиҳа хонд, дуо мекард, аз мазор, аз арвоҳҳо дар роҳи ҳалли мушкилиҳо мадад мехост, ба даргоҳи Худованд илтиҷо дошт. Аз ҷониби мазор офтоб рух менамуд, офтоби пагоҳ...
Суханони таҳдори домулло Мирзо ва Ҳоҷимаҳмуд ба нимчамулло бештар асар карда буд. Таҳқир шуда ӯ.
Вайро пастфитрат, лагандбардори Носирхитой гуфтанд. Холабачаҳо – эшони домулло Мирзо, Ҳоҷимаҳмуд мулкро бе душман дида Носирхитой барин лашкаркаши овозадор, тавонои аз дасташ ҳар кор меомадаро дар назди мардум дашном доданд, вайро ҷоҳил, дасти росташро аз чапаш фарқ намекардагӣ гуфтанд ва кофир ҳукм карданд. Худо одама, ки занад, ба ғазаби Худо гирифтор, ки шавад, ҳамин тавр ақлаш пӯшида мегардад. Носирхитойро ҳам мисли нимчамуллои мегуфтагиашон, мисли ҳамқишлоқиҳои худошон пиндоштаанд, вайро дур дидаанд. Намедонанд, ки Носирхитой имрӯзҳо чи қадар одамонро аз дами теғ мегузаронад. Аз пояшон ба дарахтҳо меовезад, чи коре хоҳад, мекунад. Бале, инҳо Носирхитойро намедонанд, ҳоло шаттаашро нахӯрдаанд. Баъд аз афташ хаёл доранд, ки гапҳои онҳо ба гӯши Носирхитой намерасад, намедонанд, ки нимчамуллои мегуфтагиашон бародари ҷонӣ, одами наздики Носирхитой аст, вай дар ҷои дигар не, дар бехи биниашон. Худо хоҳад, ин одам нимчамуллоро ба мартабаҳо мерасонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё