Зеҳн
БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Як қисса ва чанд ҳикоя

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 182 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ба эшони домулло Мирзо ҳам маълум, ки Носирхитой як марди худобехабар, хунхор, чи хеле гуфтаанд, на дар пушташ думу на дар пешаш ёл. Худо инсонро ба ин хел зотҳо гирифтор накунад. Аз ин ҷиҳат дили эшони домулло барои хешовандашон меларзид, аз тақдири минбаъдаи вай дар ташвиш буданд. Ва ҳоло бо мардуми деҳа – бо намозхонҳо чи гуфтани Ҳоҷимаҳмудро медонистанд. Аз ин рӯ, баъди сокит мондани намозхонҳо худи эшони домулло Мирзо ба гап сар карданд.
– Қавмо, мою шумо ҳама хешу табор, гӯшту нохун, обшарику хокшарик. Пагоҳ мурдаи якдигарамонро худамон соҳиб мешавем, каси дигар, бегонаҳо не, худамон.
– Бале, ҳазрати домулло, рост мегӯянд, ҳамин тавр аст, – овозҳо баланд шуд.
– Ҳамин тавр ки бошад, мо бояд ҳамдигарамонро нафурӯшем, бегонаҳоро ба сари ҳамдигарамон набиёрем. Носирхитой кӣ? – эшони домулло Мирзо суол карданд.
Ҳама хомӯш буданд, аз ҳарос касе ҷуръати дар ин масъала забон кушодан надошт.
– Ҳамаамон кӣ будани ин одамро медонем, – эшони домулло Мирзо боз ба гап даромаданд.
Баъд эшони домулло Мирзо аз хусуси Носирхитой, йигитҳои вай хело гап заданд. Гуфтанд, ки Носирхитой як одами авом, муштамзӯр, ӯ худашро сарлашкари аҳли ислом хондааст, аммо аз ислом, аз дину аз шариат бехабар. Хонаҳои бандаҳои мусулмонро тороҷ мекунад, чашмаш ба зану духтарҳои мардум. Агар давраш мебуд, – давом намуданд домулло Мирзо, – ӯро ҳад мезаданд, сангсор мекарданд. Ва баъзеи мо айбу уболро намедонем. Носирхитою йигитҳои вайро «бачаҳои худамон» мегӯем, болои зану фарзандонамон мебиёрем.

пешина
аз 182
навбатӣ