Зеҳн
БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Як қисса ва чанд ҳикоя

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 182 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Синни падарам аз 40 гузашта буд. Холабачаашон эшони Ҳоҷимаҳмуд аз он кас калонсолтар. Дар рӯзҳои зиндагии онҳо рӯзгори мардум ноором, ноосуда гашта.
Замони гурезогурези мардум, аз тахт бетахт гаштани амир, замони урусомад, замони босмачигарӣ.
Аз чӣ сабаб буд, ки дар рӯзҳои ташкил ёфтани Ҳукумати Шӯравӣ деҳаи Нилкон нисбати деҳаҳои дигар нооромтар гашт. Аз ҳама бештар гурӯҳҳои гуногун, ба ном озодихоҳ, зидди ҳукумат ба деҳа омада мерафтанд.
Намояндагони дастаҳои босмачиёни Иброҳимбек ҳам меомаданду ҷонибдорон, силоҳбадастони Раҳмондодхоҳ ҳам. Дар дастаи Раҳмондодхоҳ асосан тоҷикон муттаҳид гашта буданд. Аъзоёни яке аз дастаҳои хело бераҳм, ки сарварашон бо номи Носирхитой машҳур буд, қарибе рӯз дар миён ба Нилкон омада мерафтанд.
Баъзан рӯзҳою шабҳо кӯчаҳои деҳа пур аз силоҳдорони ӯ – пур аз босмачиён. Аз онҳо ҳама дар ҳарос ва одамоне ҳам буданд дар деҳа, ки онҳоро «бачаҳои худамон» гуфта беҳ-беҳ мекардаанд ва ин «бачаҳои худашон» ба сари ҳама рӯзҳои сиёҳ оварданд. Носирхитой дар деҳа шиносу ошноҳо дошт. Маҳз тавассути ҳамин одамони наздикашон босмачиёни дастаи Носирхитой ба деҳа роҳ ёфта буданд. Шиносҳояшон онҳоро ба хонаҳояшон, пеши зану фарзандон мехонданд, илтиҷо мекарданд, ки фалону бисмадон ҳамдеҳашонро бикушанд. Ҳамин ҳол дар рӯзҳои мо, дар рӯзҳои ҷанги беақлонаи байни тоҷикон, боз рух дода буд.
Дар замони Ҳоҷимаҳмуд душманони номардаш аз пайи нобуд кардани ӯ афтода буданд. Бо дасти Носирхитою аъзоёни дастаи ӯ Ҳоҷимаҳмудро кушондан мехостанд. Бо ҳамин мақсад назди босмачиён тор метаниданд, роҳу воситаҳои нобуд сохтани Ҳоҷимаҳмудро меҷустанд.

пешина
аз 182
навбатӣ