Зеҳн
БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Як қисса ва чанд ҳикоя

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 182 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

он айёми баҳор ҳама ғарқи гул гашта буданд, мегузаштанд. Дар халта нон, дар бағал китоб, рӯ ба роҳи Бухорои Шариф оварда буданд, аз шодӣ гӯё парвоз доштанд.
– Мирзоҷон, дидорҳо ба қиёмат... – гуфт модари бемор ба фарзанд.
Аламовар буданд он лаҳзаҳо. Пас аз ҳафт сол, вақте ки заминларзаи Қаратоғ ба амал омада, мулки Ҳисор хароб гашт, одамони зиёде фавтиданд, эшони Мирзо ба деҳа, ба Нилкон баргаштанд. Дидори модар дар ҳақиқат ба қиёмат монда. Он кас аз олам гузашта. Падар – эшони Амирҳайдар пир шуда.
Аммо эшони Мирзо пас аз дидорбинӣ бо падар, хоҳару бародарон боз ба хондан, ба Бухоро баргаштанд. Ин дафъа ҳангоми гуселашон падари пир фарзандро оғӯш гирифта ашк рехтанд ва суханони модарро такрор намуданд. «Хайр, бачам, агар набинам, дидорҳо ба қиёмат» гуфтанд. Писар ғамгин гашта буданд, медонистанд, ки падар офтоби сари куҳ шуда. Лек рӯ ба роҳи махзани илм – ба Бухоро мерафтанд.
Ин дафъа қариб бист соли умри азизи эшони домулло Мирзо боз аз пайи илмомӯзӣ, дар Бухоро гузашт. Ба гуфтаи худашон илмро хатм намуда, чанде дар мадрасаҳои Бухоро дарс гуфтаанд.
Падарам дар вақташ бо чанд китобе дар бағал ба Бухоро рафта буданд, пас аз 27 сол аз Бухоро дар бағал бо муҳри мударрисӣ ва дар чанд уштур бори китоб ба зодгоҳашон – ба Нилкон баргаштаанд. Ҳангоми баргаштани падарам ба Ватан дӯстонашон, уламои Бухоро мегуфтанд: «эшони домулло Мирзо илмро ба Ҳисор мебаранд».

пешина
аз 182
навбатӣ