БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

ҳам ба ғам задааст, ҷояшро гӯй, ба Худо севанчӣ
медиҳам, асп медиҳам, як аспи бо зину афзол медиҳам.
– Ба ман ҳеҷ чизат лозим нест, Амирҳайдар, мон вай
хонад, аз зоти худамон як аҳли илми зӯр мерӯяд, вай
худодод аст, ҳама мегӯянд.
– Ба Худо, ки монеъ намешавам. Хона биояд, хонад,
ба устодаш пулу мол медиҳам, мадад мерасонам.
– Вай рафтанӣ аст.
– Куҷо?
– Бухоро.
– Бухоро?!
– Мегузорӣ?
– Ӯзбакхоҷа, Бухоро дур, ман вайро дӯст медорам.
Боз модараш касал, наход раҳм надорад. Ту ҳам вайро
насиҳат кун, бегона нестӣ, худиӣ.
– Гуфтам-ку ту ҳеҷ вақт ба хондани вай розӣ намешавӣ. Медонистам, Мирзо ҳам медонад. Ба ту боғу роғ,
гову мол, дороиат азиз, ҷамъ кун, пагоҳ ҳамаи онҳо ба
гӯрат медароянд, дар охират дастгират мешаванд… –
Эшони Ӯзбакхоҷа дигар ба писархолааш ҳарфе назада
аз ҳавлӣ берун меравад. Эшони Амирҳайдар ва модари
падарамро тобу тавон намемонад. Онҳо дар куҷо будани фарзандашонро донистан мехостанд, ба дидорашон
пазмон шуда будаанд. Дар куҷо будани он кас танҳо ба
эшони Ӯзбакхоҷа маълум. Аммо ӯ намегуфт. Ноилоҷ
монда эшони Мирҳайдар. Ба шартҳои писархолаашон
розӣ шуда, қасам хӯрдаанд, ки ба таҳсили фарзандашон
монеъ намешаванд.
Аз рӯи гуфтаҳои эшони Ӯзбакхоҷа бобоям адиру
теппаҳои баланди дараи Ойтуғдиро гузашта ба деҳаи
Лойоб мераванд, қариби нимрӯз ба лаби чашмаи канори деҳа мерасанд. Ҳамин ҷо аз асп фаромада онро ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё